Ҷаъмоварии чукрӣ бо марг анҷомид

Як сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҷамъоварии алафҳои баҳорӣ аз кӯҳе афтода ҳалок шудааст. Музафар Самадови 30-сола аз деҳаи Чорбоғи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳия, рӯзи 15-уми апрел ҳангоми чидани торон дар кӯҳҳои ҷамоати Даштиҷум дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, (Шӯрободи пешин) афтода ва дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Ҷамолиддин Икромов, раиси ҷамоати Худоёр Раҷабов, рӯзи 16-уми апрел ба Радиои Озодӣ, гуфт, ки Музафар Самадов ҳамроҳи бародару падараш ба фурӯши алафҳои баҳорӣ машғул буданд ва онро аз кӯҳҳо чида мефурӯхтанд.

«Дирӯз бо ҳамроҳи падар ва бародараш барои чиндаи алафҳо ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мераванд ва аз лаби ҷар торонро мегирам мегӯяд, вале сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ба ҳолокат мерасад. Ӯро дирӯз дар деҳа дафн кардем. Ҳарчанд ба мардум мефаҳмонем, ки ҳангоми сафар ба кӯҳҳо эҳтиёт бошанд, аммо худашнро ба мардуми таҳдашти кӯҳистон баробар мекунанд ва оқибат ба ин нохушиҳо оварда мерасонад» — гуфт раиси ҷамоат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *