Амрико мустақиман ба ҷанги Исроил алайҳи Эрон ҳамроҳ шуд

Субҳи имрӯз, 22 июн Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки ҳавопаймоҳои низомии Амрико ба се таъсисоти муҳими ҳастаии Эрон – Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд.

Трамп дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” навиштааст:

«Мо як ҳамлаи хеле муваффақро ба се таъсисоти ҳастаии Эрон анҷом додем. Ҳар се ҳадаф — Форду, Натанз ва Исфаҳон ба таври муассир нобуд карда шуданд».

Ин ҳамлаҳо дар пайи танишҳои афзоянда миёни Эрон ва Исроил рух доданд, ки ахиран ба мубодилаи мустақими оташ миёни ду кишвар табдил ёфтанд. Дар посух ба ин ҳамла, мақомоти Эрон онро як таҷовузи ошкор ва нақзи қонунҳои байналмилалӣ номида, таъкид кардаанд, ки ҷавоби сазовор хоҳанд дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *