Қатар

Анҷуману нишастҳои соҳибкорон дар Тоҷикистону Қатар танзим мешаванд

Дар як вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо ноиби раиси Палатаи савдо ва саноати Қатар Рошид бин Ҳамад ал-Азба муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, дар ҷараёни суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Қатар ва роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкории мутақобилан судманди бахшҳои хусусӣ ва дигар доираҳои алақаманди ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сармоягузориҳо баррасӣ шудаанд.

— Дар ин замина ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли 2023 анҷуманҳо ва нишастҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро дар шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа танзим хоҳанд кард,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.