Се андозсупорандаи беҳтарин. Онҳо кистанд?
Дар Тоҷикистон андозсупорандаҳои беҳтарин дар соли 2024 муайян ва бо диплом қадрдонӣ гардиданд.
Ба иттилои Кумитаи андоз, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶДММ “Муосир”-и ноҳияи Данғара ва ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”-и шаҳри Душанбе беҳтарин андозсупорандагони сол эътироф шуданд.
Ин ширкатҳо барои риояи қонунгузории андоз, дар муҳлати муқаррарӣ супурдани эъломияҳои андоз, зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳои пардохтшуда дар муқоиса бо соли гузашта ин мақомро ба даст овардаанд.
Кумитаи андоз таъкид кардааст, ки онҳо “бо нишон додани фарҳанги нисбатан баланди андозсупорӣ ҳамчун андозсупорандаи беҳтарин дониста шуданд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ