«Ҳар касе хонаи ман барои хӯрдан меояд — Наояд! Ҳар касе барои дуо меояд — Марҳабо!”

«Ду нон, ду табақча ширинӣ, як графин компот, як лаган тарбузу харбуза, як лаълӣ меваҷот, як лаълӣ орзук ва як лаълӣ самбӯса. Албатта, як чойник чой. Ин аст дастурхони идонаи хонаи мо...”

Шореҳи ТВ «Варзиш”Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ки барои оростани дастурхони идона аз 300 сомонӣ бештар харҷ карданӣ нест. Ӯ менависад, бо ҳамин маблағ ҳам имкон дорад, ки ҳар оила як дастурхони ҳарччанд хоксорона, вале аз самими дил биорояд ва дар рӯзи ид ҳамаи меҳмононашро қабулу гусел кунед:

Ду нон, ду табақча ширинӣ, як графин компот, як лаган тарбузу харбуза, як лаълӣ меваҷоти мухталиф, як лаълӣ орзук ва як лаълӣ самбӯса. Албатта, як чойник чой. Агар ташрифоваранда майли таъом дошта бошад, як коса шӯрбо. Албатта, бо сервиз ва сачоқи тозаву тамиз ва чеҳраи хандони хонадор. Ин аст дастурхони идонаи хонаи мо. Инро баршумурдем, ки бештар аз сесад сомониро ташкил накард. Фақат инҷо бо занак забон ёфтан лозим. Мо ёфтем, мешавад ва касе аз ҳаққу ҳамсояҳо моро эрод намегиранд, баракс ба мо рост шуда истодаанд. Ахиран, мо хонаи якдигар дуокунӣ меравем, на аудити дастархони эшон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *