Арман Старукян бо Ҷастин ва Махачев муҳориба гузарониданист

Ҳафтаи гузашта муҳорибаи асосии мусобиқаи UFC Fight Night 233 миёни Арман Старукян ва Бенеил Дариуш баргузор гардид, ки дар даври аввал ба итмом расид.

Арман Старукян дар вохӯрии мазкур Бенеил Дариушро дар даври аввал тариқи накаут ба замин афтонд ва ғолиб шуд.

— Ман боварӣ доштам, ки Бенеил Дариушро маҳз ҳамин гуна мағлуб мекунам, зеро бо қарори доварон ғолиб шудан намехостам. Акнун, ман умед мебандам, ки муҳорибаи навбатии ман барои камарбанд мешавад. Агар ташкилот лоиқ донанд, бо Ислом Махачев барои камарбанди чемпиони UFC дар вазни сабук меҷангам, агар не, пас мехоҳам барои камарбанди BMF бо Ҷастин Гейҷи ба майдон бароям, — гуфт Арман Старукян пас аз ғалаба.

Ёдовар мешавем, ки Арман Старукян бо Ислом Махачев ҳанӯз чор сол пеш бо ҳам ҷангида буданд ва дар он чемпиони кунунии UFC дар вазни сабук ғолиб омада буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *