Арзонтарин хона дар куҷост?

Нархи манзил дар Душанбе нисбат ба пойтахтҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Русия аз арзонтаринҳо будааст. 

Торнамои ENT.TJ навиштааст, арзиши як метри мураббаъ манзил дар Душанбе аз 472 то 868 долларро ташкил медиҳад. Ин рақам дар қиёс ба пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле арзон мебошад. Ба иттилои манбаъ, соли 2016 дар Тоҷикистон 1220,3 метри мураббаъ манзил сохта шуд, ки назар ба соли 2015 — 1,4 дарсад зиёд аст ва бештар он дар пойтахт бунёд шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар давраи пеш аз буҳрон сохтмони манзилҳо дар ҳоли рушд буд, аммо бо далели буҳрони солҳои охир ва кам гаштани талабот бунёди сохтмонҳо дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Дар ин сомона нархи манзил дар пойтахтҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Русия низ оварда шудааст. Бишкек (Қирғизистон) аз 550 то 1500 доллар барои як метри мураббаъ; Тошканд (Узбакистон) аз 791 то 1800 доллар; Алма-Ато (Қазоқистон) аз 1195 то 1927 доллар; Остона (Қазоқистон) аз 1120 то 1877 доллар; Ишқобод (Туркманистон) аз 1500 то 2750 доллар ва Маскав (Русия) аз 2785 то 3034 доллар барои як метри мураббаъ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *