Ашки модар ва орзуи тифлони маъсум (Видео)

Бахшида ба рӯзи байналмилалии кӯдакон мо хабарнигорони сомонаи Tajikistantimes.com ба “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб”-и Чорбоғ, ки дар ноҳияи Варзоб воқеъ аст, дидан намудем.

Бахшида ба рӯзи байналмилалии кӯдакон мо хабарнигорони сомонаи Tajikistantimes.com ба “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб”-и Чорбоғ, ки дар ноҳияи Варзоб воқеъ аст, дидан намудем.

Дар маркази мазкур беш аз 600 нафар беморони фалаҷи майнаи сар, рӯҳӣ ва дигар намуди беморон табобат мегиранд. Тавре кормандони ин марказ изҳор намуданд, сабаби ба чунин беморӣ гирифтор шудани кӯдакон гуногун аст. Ва яке аз онҳо ин никоҳи хешу таборист. Дар ин марказ, мо хабарнигорон танҳо тавонистем аз шӯъбаи 3-юм дидан намоем. Дар ин шӯъба беш аз 30 нафар кӯдакони бемор ҳамроҳи модаронашон табобат мегиранд.

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ аст. Пеш аз оне, ки навхонадорон ба ҳаёти мустақил қадам мегузоранд, сари вақт бояд дарк кунанд, ки ниқоҳи хешутаборӣ чӣ оқибат дорад. Тавре мо дар боло зикр кардем, ин яке аз омилҳои ба чунин беморӣ гирифтор шудани кӯдакон аст. Сабабҳои дигар низ ҷой доранд, ин даст ба худтабобаткунӣ задан ҳангоми дарёфти нуқс дар кӯдак ва ба мутахассисони касбӣ муроҷиат накардан. Умуман, таваҷҷӯҳ зоҳир накардан ба кӯдакон аст.

Мо дар ин рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон ҳамаи кӯдаконро бо ин ид табрик намуда барояшон тансиҳатӣ орзумандем.

Бахтовар САФАРОВ

Ширин ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *