Аслов бо Стиван О Брайан мулоқот орост

Дирӯз, 21 марти 2017, дар Қароргоҳи СММ  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона Стивен О’ Брайан мулоқот орост.

Зимни мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи Муовини Дабири кулро ба масъалаҳои офатҳои табии дар Тоҷикистон ҷойдошта, аз ҷумла мушкилоти вобаста ба боришоти зиёди барф дар минтақаҳои куҳии кишвар, ҷалб намуд. Ҷонибҳо ҳамчунин ба таври муфассал масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона ва Дафтар оид ба коҳиши хавфи офатҳои табииро дар таҳкими омодагии кишвар ба офатҳои табиӣ ва такмил додани гуруҳҳои наҷотбахш матраҳ намуданд.

Илова бар ин, ҷонибҳо дар масоили марбут ба таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ва дурнамои ҳамкориҳо дар пешбурд ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028″ мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.

Встреча Аслова с Стивеном О Брайеном

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *