Ҳаво имрӯз +23+25  дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда   дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона  +13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона -11-16  ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10   ва рӯзона 17+22    дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок    дар назар буда,  ҳаво дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона +23+28   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона 6+11 ва рӯзона +20+25 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, ҳаво шабона +2+4  ва рӯзона +23+25  дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *