Аввалин мулоқоти вазирони фарҳанги Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Конгресси байналмилалӣ дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ: Мероси маънавӣ ва таълимии умумӣ – ояндаи муштарак”, ки 13 ноябри соли ҷорӣ дар Маркази тамаддуни исломӣ дар пойтахти Ӯзбекистон оғоз ёфт, кори худро 14 ноябр бо аввалин мулоқоти вазирони фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар Кохи санъати байналмилалии “Ӯзбекистон” идома дод.
Ин аввалин мулоқоти вазирони фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон мебошад, ки барои наздик таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ нақши муҳим хоҳад бозид.

Дар ин ҷаласа Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аида Балаева, вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон, Мирбек Мамбеталиев, вазири фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон, Атагелди Шамирадов, вазири фарҳанги Туркманистон ва Адил Керимлӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок карданд. Ин ҷаласа аз ҷиҳати ҳаҷм ва сатҳ бори аввал баргузор шуд.
Онро бо сухани муқаддимавӣ Озодбек Назарбеков ифтитоҳ намуд ва ҳамтоёни худро ба Тошканд хайрамакдам гуфт.
– Бо фарҳанги муштараки мо тамоми дунё таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Афзоиши ташрифи сайёҳон аз чаҳор гӯшаи олам баёнгари ин мебошад, – гуфт О. Назарбеков.
Вай афзуд, ки аз роҳи татбиқи лоиҳаҳо кишварҳои Осиёӣ Марказӣ метавонанд боз ҳам бо ҳам қарини шаванд, ҷавонони худро ба он ҷалб намоянд.
Аида Балаева зимни суханронӣ аз он ёдовар шуд, ки дар шаҳри Душанбе муҷассамаи Абай Қунанбоев сохта ва насб шуд.
– Ин аз таҳкими дӯстиву рафоқати байни тоҷикону қазоқҳо шаҳодат медиҳад, – изҳор намуд А.Балаева.
Мирбек Маматалиев, вазири қирғиз иброз дошт, ки ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳими ин давру замон шумурда мешаванд.
– Қиргизистон тарафдори он аст, ки дипломатия фарҳангӣ тавсеа ёбад. Пешниҳод мекунам, ки ҷашнвораи “Водии зарин” роҳандозӣ ва ба он намояндагони Туркманистон ва Қазоқистон низ даъват карда шаванд,-гуфт мавсуф.
Вай ёдовар шуд, ки Ӯзбекистон дар баргузории ҷаласаи 43-и ЮНЕСКО низ нақши муассир бозид.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён Сатториён гуфт, ки бар асоси сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дӯстиву ҳамгироии байни халқҳои минтақа беш аз пеш тавсеа меёбад.

– Мардумони мо тайи асрҳо боз дар фазои дӯстиву рафоқат зиндагӣ мекунанд. Ин мулоқоти мо низ барои боз ҳам рушду нумӯъ фарҳанг, ҳифзи мероси фарҳангии мардумони мо саҳифаи наверо боз хоҳад кард. Осиёи Марказӣ гаҳвораи алломаҳои бузурги илму фарҳанг мебошад, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши созанда бозидаанд, -қайд намуд Матлуба Сатториён.
Дар ҷаласа масъалаҳои гуногуни ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг ва санъат низ баррасӣ шуданд.
Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин дохил карда шуданд:
1. Вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкории фарҳангии минтақавӣ;
2. Густариши мубодилаи фарҳангӣ байни чеҳраҳои фарҳангии минтақа;
3. Таҳияи бренди фарҳангӣ барои Осиёи Марказӣ.
Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳо, вазирони фарҳанг дар Конгресси байналмилалии вазирони фарҳанги Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Мероси маънавӣ ва маърифат дар Осиёи Марказӣ”, ки дар Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Ин чорабинӣ дар арафаи мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ пайваст, ки 25-16 ноябр дар Тошканд баргузор мегардад.
Дар охири мулоқоти вазирони фарҳанги Осиеи Марказӣ маросими имзои протокол ба амал омад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Тошканд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ