Аввалинин парвози «Тоҷик Эйр» ба Самарқанд

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустинро дар самти Душанбе – Самарқанд – Душанбе анҷом медиҳад.
Тавре аз дафтари матбуоти ширкат хабар доданд, парвоз рӯзи 28 июл бо ҳавопаймои Boeing 737–300 соати 09:00 аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат мегирад.
Бино ба иттилои манбаъ, муддати парвоз ба як тараф 45 дақиқа ва нархи чипта 684 сомонӣ аст. Парвози дуюм бо ин хатсайр рӯзи 4 август дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки имрӯз тариқи ҳавопаймоҳои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари»-и кишвари ҳамсоя метавон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кард.

Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустинро дар самти Душанбе – Самарқанд – Душанбе оғоз менамояд.

Назар ба иттилои котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев, парвози нахустин 28 июл бо ҳавопаймои Boeing 737–300 соати 09:00 аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат мегирад. Давомнокии парвоз дар масири Душанбе –Самарқанд 45 дақиқа ва нархи чипта барои як самти парвоз 684 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои сарчашма, парвози минбаъда рӯзи 4 август сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *