Аз 16 то 19-уми январ дар Тоҷикистон бориши барфу борон пешгӯӣ мешавад
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки аз 16 то 19-уми январ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, дар бисёр минтақаҳо бориши барфу борон дар назар аст.
Дар Душанбе рӯзи 16-уми январ борону барф борида, 17-уми январ барф меборад. Рӯзҳои 18 ва 19-уми январ асосан бебориш мешавад, вале ҳаво то ҳадди назаррас сард хоҳад буд. Дар баъзе минтақаҳо, махсусан рӯзи 16 ва 17-уми январ, эҳтимоли тормеғ низ вуҷуд дорад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ рӯзҳои 16 ва 17-уми январ боришҳои маҳдуд ва барф эҳтимол дорад. Рӯзи 18-уми январ асосан бебориш аст, вале ҳаво сард боқӣ мемонад. Рӯзи 19-уми январ боришҳои барфу борон бармегарданд.
Дар аксар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) низ рӯзҳои 16 то 19-уми январ бориши барфу борон дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ