Аз афзоиши хушунат нисбат ба кӯдакон дар Қирғизистон то пешниҳоди ҳукми қатл

Як гурӯҳ аз вакилони парлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро таҳия кардаанд, ки барои ҷиноят зидди масунияти ҷинсии кӯдакон ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Ин тарҳи қонун барои муҳокимаи умум дар сомонаи парлумони Қирғизистон нашр шудааст.

Вакилон гуфтаанд, ки дар Қирғизистон ҷиноятҳои сангини марбут ба хушунат нисбати кӯдакон дар ҳоли афзоиш аст. Ташаббускорони тарҳи қонун мегӯянд, ки шаҳрвандони зиёде борҳо аз вакилон дархост карданд, нисбати касоне ҷазои сахт пешбинӣ шавад, ки ба кӯдакон хушунати ҷинсиро раво мебинанд.

«Ҳифзи ҳаёт ва сиҳатии кӯдакон дар марҳилаи кунунӣ бидуни таҳдиди ҷазои ҳадди ниҳоӣ ва ҷазои одилона номумкин аст», — омадааст дар шаҳри тарҳи қонун.

Вакилони парлумон  гуфтаанд, ки дар мавриди хушунат нисбати кӯдакон омори расмӣ баёнгари воқеият нест. Ба бовари вакилон, хабарҳо дар бораи хушунати кӯдакон барои ҷомеа «одӣ» шудааст.

Дар ҳамин маврид бештар аз 60 вакили парлумон изҳор доштаанд, ки аз тарҳи қонуни мазкур ҷонибдорӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон, дар 7 моҳи соли 2022 оид ба хушунат нисбати кӯдакон 39 парванда боз кардаанд. Дар соли 2021 нисбат ба кӯдакон 3034 ҷиноят содир шудааст, ки 500 ҷинояти он марбут ба хушунати ҷинсӣ мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.