Мирзозода Низом

Аз Бадахшон боз ба Душанбе. Мирзозода ҷойгузини Зувайдзода шуд

Тавре Pressa.tj хабар ёфт, Мирзозода Низом раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шудааст.

Баъди марги Маҳмадсаид Зувайдзода курсии раиси Кумитаи номбурда беш як моҳ инҷониб холӣ буд.

Гуфта мешавад, ки Низом Мирзозода то ин муддат дар симмати муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият дошт. То ин мақом муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ низ буд.

Ҳамчунин, Баҳриддин Сироҷиддинзода директори нави Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шудааст. Баҳриддин Сироҷиддинзода то ин муддат муовини аввали директори Агентии замин ва обёрӣ дар гузашта директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ буд.

МАЪЛУМОТНОМА

Мирзозода Низом Юсуфӣ 10-уми январи соли 1962 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандиси сохтмонҳои саноатӣ ва гражданӣ мебошад. Номбурда фаъолияти кории худро аз вазифаи муҳандиси лабораторияи сохтмонии “Кӯлобдеҳотсоз”-и шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, то муовини раиси вилояти Хатлон адои вазифа намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *