Хол Раҳмон

Тағйироти кадрӣ: Зафарбек Давлатзода ҷойи Холмурод Раҳмонро гирифт

Холмурод Раҳмон аз вазифаи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон барканор шуд.

Давлатзода Зафарбек ба ҷойи ӯ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Бояд гуфт, ки Зафарбек Давлатзода — собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 47 сол дошта, дар ин ноҳия ҳамагӣ ду сол раисӣ кардааст. Пештар ӯ раиси шаҳри Конибодом буд.

Холмурод Раҳмон мутахассиси соҳаи замину обёрӣ буда, пештар раиси ноҳияи Шаҳритус ва Ҷайҳун буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *