Аз пасандоз то рақамикунонӣ. Амонатбонк рушд мекунад

 Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — Амонатбонк” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2025 ва муайянсозии нақшаҳо барои нимсолаи дуюм ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти роҳбарии раиси Амонатбонк Салимзода А.А. ва бо иштироки роҳбарияти бонк, намояндагони мақомоти молиявии давлат ва филиалҳои минтақавӣ доир шуд.

Дар оғози ҷаласа муовини раиси Амонатбонк Ризвонзода Ф.З. гузориши муфассал оид ба натиҷаҳои фаъолият пешниҳод намуда, зикр кард, ки бонк фаъолиятро мутобиқ ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки Ҳукумат ба роҳ мондааст.

Нишондиҳандаҳои асосии молиявӣ:

  • фоидаи холиси бонк – 76,9 млн сомонӣ, афзоиш 10,6% нисбат ба соли гузашта;
  • сармоя – 1 млрд сомонӣ (+12,4%);
  • дороиҳо – 9,6 млрд сомонӣ (+20,5%);
  • уҳдадориҳо — 8,6 млрд сомонӣ (+21,6%);
  • пардохт ба буҷет — 62,1 млн сомонӣ (+22,6%).

Қарздиҳӣ:

  • зиёда аз 28 ҳазор нафар мизоҷ бо қарзҳои умумии 1 млрд сомонӣ таъмин шуданд;
  • ба 113 нафар қарзҳои ипотекӣ ба маблағи 34 млн сомонӣ дода шуд (4 маротиба бештар аз соли гузашта);

Қарзҳои ҷалбшуда аз хориҷ:

  • Ӯзбекистон – 15,6 млн доллар;
  • Қазоқистон (KAZAKHEXPORT) – 24,6 млн доллар;
  • Хитой — 400 ҳазор доллар.

Нишондиҳандаҳои пасандоз ва устуворӣ:

  • бақияи умумии пасандозҳо – 7,7 млрд сомонӣ, афзоиш 31,7%;
  • сатҳи баланди пардохтпазирӣ ва эътимоднокӣ дар низоми бонкӣ;
  • рақамикунонӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ;
  • 5086 адад пост-терминал дар муассисаҳо насб карда шуд;
  • 3658 QR-рамз дар бахши давлатӣ ва хусусӣ мавриди истифода қарор гирифт;
  • замимаи “Амонатмобайл” бо низомҳои давлатӣ ҳамоҳангсозӣ шудааст.

Нақшаҳои нимсолаи дуюм:

– афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ, хусусан ба соҳибкорон ва ҳунармандон;

– ҷалби бештари занон ба низоми бонкӣ;

– тақвияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва рақамикунонии молия.

Раиси Амонатбонк Салимзода А.А. дар фарҷоми ҷаласа ба Пешвои миллат, Ҳукумати кишвар ва Бонки миллии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки Амонатбонк омода аст вазифаҳои стратегиро бо сифати баланд амалӣ намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *