Дар шаҳри Душанбе маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баргузор шуд

Имрӯз, 17 июл дар шаҳри Душанбе маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.

Ба таъкиди Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025 барои Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он боз як соли муҳим ва аз лиҳози сиёсӣ соли таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар кори маҷлис масъалаи вусъат бахшидани фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ баррасӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *