Аз пешгӯӣ то тавсияи БОР ба Тоҷикистон
Таҳлилгарони Бонки осиёии рушд (БОР) пешгӯӣ кардаанд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2025 ва 2026 бо дастгирии сармоягузорӣ ба энергетика ва саноат, талаботи баланди истеъмолӣ ва рушди бахши хусусӣ устувор боқӣ мемонад.
“Аммо рушд бо барқарор шудани таваҷҷуҳ ба тағйирёбии рақамӣ ва идоракунии электронӣ метавонад тақвият дода шавад”,- гуфта мешавад дар “Гузориши рушди Осиё”-и БОР дар моҳи апрел.
Тибқи пешгӯии БОР, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар соли равон ба андозаи 7,4% ва соли 2026-ум 6,8% пас аз афзоиши 8,4% дар соли 2024 зиёд мешавад.
Пешбинӣ мешавад, ки аз ҳисоби афзоиши қарзҳои истеъмолӣ ва болоравии маоши хидматчиёни давлатӣ, инчунин тарифҳо ба хадамоти коммуналӣ, таваррум дар соли равон то 5,0% ва соли оянда то 5,8% боло меравад.
“Аз таваҷҷуҳи афзалиятноки ҳукумат ба тағйирёбии (табдили) рақамӣ ба сифати омили калидӣ истиқбол мекунем”,- гуфтааст намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото.

Дар гузориш зикр мегардад, ки ба сатҳи баланди дохилшавии алоқаи мобилӣ дар кишвар суръати сусти интернети мобилӣ, ки дар ҷаҳон дар зинаи 139-ум қарор дорад, монеа эҷод месозад.
“Нимаи соли 2024 шумори ҳамёнҳои мобилӣ ба 10,4 млн адад расидааст, ки ба рушди транзаксияҳои ғайринақдӣ ба андозаи 16,2% дар як сол мусоидат намуда, лекин қабули пардохтҳои рақамӣ нобаробар боқӣ мемонад”,- таъкид мекунанд коршиносони БОР.
Муаллифони гузориш ба мақомоти Тоҷикистон бунёди зерсохтори давлатии боэътимод ва қавиро барои пешниҳоди хидматрасониҳои давлатии пурсамар ва фарогир ба ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ тавсия додаанд.
“Бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ҳам дар бахши давлатӣ ва ҳам хусусӣ, Тоҷикистон барои тағйирот дар саноат, беҳбуди сифати ҳаёт ва мусоидат ба рушди устувор имкониятҳо дорад”,- чунин мешуморанд гузоришгарон.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 1998 ба узвияти Бонки осиёии рушд пазируфта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ