март

Аз рӯзгори занони олам

Руҳи модар дар ғами ҷигарбанд

Зан назди харобаҳои зилзилаи даҳшатбори Туркия омад. Ӯ ба  наҷотдиҳандагон гуфт, ки экскваторро аз кор боздоранд. Баъд ба онҳо ҷоеро нишон дода, фаҳмонд, ки фарзандонаш инҷо зери харобаанд. Гурӯҳи наҷотдиҳӣ баъди лаҳзае фарзандони ӯро зинда, аз ҳамон ҷое, ки нишон дода буд, берун оварданд. Яке аз наҷотдиҳандагон хост муждаи зинда будани фарзандонро ба модар расонад, вале аз ӯ дарак набуд. Баъдан, фарзанди 15-солаи зан ба наҷотдиҳандагон гуфт, ки модараш 4 сол қабл чашм аз олам пӯшидааст:

Сахт кафшер аст меҳри модарҷон,

Бар тану ҷони ҷумла фарзандаш,

Қудраташ бин, ки баъди марги худ

Мехӯрад ғам барои пайвандаш.

Набарди модар бо ҳайвони ваҳшӣ

Муборизаи сокини Калифорнияи ИМА бо гурбаи ваҳшии бузургҷусса барои наҷоти писари панҷсолааш расонаҳои ҷаҳонро ба ларза овард. Воқеа дар шаҳри Калабасас рух додааст. Ҳангоми дар саҳни ҳавлӣ бозӣ кардани писарча гурбаи ёбоӣ ӯро дошта, ба масофаи 40 метр кашола мекунад. Модар гиряи кӯдакашро шунида, аз хона баромада, аз қафои гурба медавад. Зани нозукпайкар гурбаро лагадкӯб карда, ҷигарбандашро аз марг раҳо мекунад. Расонаҳои ИМА ин модарро қаҳрамон унвон карданд.

Дӯст медорӣ, ангуштатро бур!

Дар байни қабилаи Инии Гвинея одате ҳаст, ки домод ҳангоми хонадоршавӣ калонтарин ангушти даст — нарангушташро бурида, ба арӯс тақдим мекунад. Ин амал бо табар ё асбоби дамаш тез иҷро карда мешавад. Инро нишонаи муҳаббати самимӣ ба зан меҳисобанд. Аҷибаш боз он аст, ки дастархони базми навхонадоронро бо хукҳои бирён оро дода, шохи хукҳои ёбоиро ба бинии домоду арӯс овезон мекунанд. Ҳангоми фавти шавҳар зан чун нишони садоқат ба мард  бояд ангуштонашро бурад ва онҳоро якҷоя бо майит ба хок супорад.

Мардони зери фаранҷӣ

Туарегҳо дар олам шояд ягона қабилае бошанд, ки ҳуқуқи занон ба ҳадде боло аст, ки мардонро зери фаранҷӣ кардаанд. Ин қабилае, ки дар он модаршоҳӣ ҳукмфармост, дар Алжири Ҷанубӣ, шимоли Мали ва Нигерия умр ба сар мебаранд. Онҳо дорои расму оини аҷибанд. Мардҳои ин қавм вазифадоранд, ки чеҳраи худро доимӣ пинҳон доранд. Ҳангоми ба балоғат расидан марди туарег аз падар шамшер ва сарпӯш мегирад. Ин мардҳо танҳо дар назди ҳамсарашон иҷозати кушодани рӯйро доранд. Агар ногаҳон номаҳраме рӯи туарегро бубинад, худро ба қатл мерасонад ва ё ӯро эъдом мекунанд. Дар ин қабила ҳуқуқи занҳо аз ҳуқуқи мардҳо хеле болост. Ҳатто занҳо ҳуқуқи доштани якчанд шавҳарро доранд. Тамоми молу мулки хона ба занҳо тааллуқ дорад…

Бонуи бонуфузтарини асри ХХ 

Габриел Бонер Шанел, ки соли 1883 дар шаҳри Сомури Фаронса чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, дар синни 12-солагӣ аз модар ҷудо мешавад. Падар ӯро ба ятимхонаи католикӣ месупорад. Дар он ҷо ӯ ҳунарҳои зиёдеро аз бар мекунад. Сурудхонӣ, дӯзандагӣ, тайёр кардани атриёт аз қабили ҳунарҳоест, ки ин бону бо маҳорати олӣ иҷро мекард. Аввалин офаридаи Шанел атре буд, ки номашро вирди забонҳо кард. Офаридаи дигари Шанел — кӯлоҳи минималистӣ дили мӯдпарастони Парижро тасхир намуд. Сали 1931 ӯ ба Ҳолливуд рафт, то ситораҳои бузурги синаморо ороиш диҳад. Пас аз 20 сол Амрико ин бонуи ҳунарро ҳамчун бонуфзтарин тарроҳи асри ХХ эътироф намуд. Ӯ дар синни 87-солагӣ, соли 1971 дар Фаронса аз сактаи дил оламро падруд гуфт.

Таҳияи Иззатбек ИДИЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *