Фаронса

Корпартоӣ дар Фаронса алайҳи ислоҳоти нафақа

Ба гузориши оҷонсии иттилоотии Franceinfo, шаҳрвандони Фаронса алайҳи ислоҳоти нафақа ба корпартоӣ шуруъ кардаанд. Тибқи ислоҳот бояд синни нафақа аз 62 ба 65 боло бурда шавад.

Эътирозгарон қасд доранд, ки мақомоти кишварро маҷбур созанд, то аз болобарии синни нафақа даст кашанд. Гуфта мешавад, ки дар баъзе шаҳрҳо ҳаракати нақлиёт мушкил аст.

Иттифоқҳои касабаи асосии Фаронса, аз он чумла Конфедератсияи умумии мехнат ва Конфедератсияи демократии меҳнаткашони Фаронса талаб кардаанд, ки эътирози калонтарин барпо карда шавад.

Қаблан президенти Фаронса Эммануэл Макрон изҳор дошта буд, ки барои нигоҳ доштани сатҳи пештараи зиндагӣ ва гирифтани нафақа дар шароити буҳрон ба фаронсавиҳо лозим меояд, ки бештар кор кунанд. Вай афзуд, ки то соли 2027 Фаронса барои маблағгузории нафақа ба 10-12 миллиард евро ниёз дорад.

Лоиҳаи ислоҳоти нафақа, ки аз ҷониби Макрон пешбарӣ шудааст, дар назар дорад, ки то соли 2031 синни нафақа тадриҷан аз 62 то 65 баланд бардошта шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *