шарҳи матбуот

Аз сафари Президент ба шаҳри Турсунзода то пазироии тоҷикон дар Эрон

Ҳафтаи равон мавзуи марказии чопи бисёр нашрияҳои кишвар сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода буд.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” (№109 (24729), 24.05.2023) бо номи “Пешвои миллат дар шаҳри Турсунзода”, “Садои мардум” (№69 (4652), 24.05.2023) таҳти унвони “Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода”, “Народная газета” (№22 (20407), 24.05.2023) бо номи “Сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Турсунзода”, “Тоҷикистон” (№21 (1532), 24.05.2023) таҳти унвони “Maid in Tajikistan. Тоҷикистон техникаи ҳарбӣ месозад”, “Боҷу хироҷ” (№21 (1376), 25.05.2023) бо номи “Тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ” матолиб интишор карда, дар бораи вохӯриҳову кушодашавии корхонаву муассисаҳо, аз ҷумла корхонаи «Сипар гурӯҳ», ки ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст, гузориш доданд.

Инчунин, ҳафтаи равон нашрияи “Тоҷикистон” идомаи суҳбат бо устоди бизнес ва муассиси мактаби “Оксфорд” дар Тоҷикистон Саидмурод Давлатовро бо номи “Хотирбинӣ, худкушӣ ва командасозӣ” ба нашр расонидааст, ки маълумотҳои ҷолибу муҳимро фаро мегирад.

Бояд зикр намуд, ки ҳафтаномаи “Рекламная газета” (№21 (1137), 25.05.2023) низ қисме аз ҳамин мусоҳибаи хонданиро таҳти унвони “Саидмурод Давлатов: Мехоҳам як миллион нафарро бо кор таъмин намоям” нашр кардааст.

Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” (№21 (9811), 25.05.2023) бо нашри гузориши муфассал таҳти унвони “Қавлу амал. Ё вақте гурезаро дар Ватан бо оғӯши гарм истиқбол мегиранд” оид ба ватан баргардонида шудани гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 104 нафар (29 оила), иборат аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол, ки тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии арабии Сурия интиқол ёфтанд, маълумот додааст.

Вобаста ба зодрӯзи шоирони машҳур Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ матолиби ҷолибро дар ҳафтаномаи “Самак” (№20 (602), 25.05.2023) бо номҳои “… Қадри маро надонистед”, “Шоиру шеъри мардумошно” ва дар нашрияи “Омӯзгор” (№21 (12402), 25.05.2023) таҳти унвонҳои “Оинаи беғубор”, “Чу як пири хирад мирад…” мутолиа кардан мумкин аст.

Нашрияи “Азия плюс” (№19 (1606), 25.05.2023) бошад, мақолаи таҳлилиеро бо номи “Терминалҳо ҳастанд — кор нест” вобаста ба мушкилоти соҳаи нақлиёт чоп кардааст.

Мақолаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмади Маҷид дар ҳафтаномаи “Фараж” (№20 (858), 25.05.2023) таҳти унвони “Агар хомӯш биншинам, гуноҳ аст” ба нашр расидааст, ки дар бораи баргузор намудани консертҳои бошукуҳ ва дастовардҳову нуқсонҳо баҳс мекунад.

“Наметавон дастовардҳоро инкор намуд, аммо ҳанӯз ҳам дар баргузории консертҳо, тарзи иҷро нуқсонҳое вуҷуд доранд, ки чун хорҳо дар миёни гулҳо ба назар мерасанд”,- аз ҷумла навиштааст муаллиф ва кадоманд он нуқсонҳо, дар матлаб зикр шудааст.

Чун аз 11 то 21-уми майи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” баргузор гардид ва Тоҷикистон меҳмони вежаи ин намоишгоҳ буд, ҳафтаномаи “СССР” (№20 (765), 25.05.2023) бо номи “Меҳмони вежа — Тоҷикистон” ва нашрияи “Тоҷикистон” таҳти унвони “Тоҷикистон дар Теҳрон. Чаро гулдӯзӣ роҳ ёфту “Девон”-и Рӯдакӣ не?” гузоришҳои муфассал ба нашр расонида, камбудиҳову бартариятҳоро ба баррасӣ гирифтаанд.

Шарҳи матбуоти кишварро ҳар ҳафта қисмати аввали рӯзи ҷумъа дар сомонаи Pressa.tj интизор шавед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *