Аз сиёҳ кардани номи муҳоҷир то таҷовуз ба номи дин: “Тоҷикистон” чӣ менависад?

Шумораи нави ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки субҳи имрӯз ба дӯконҳои шаҳр мебарояд мавзуъҳои зерро пайгирӣ кардааст.

Порина, вақте Федератсияи Россия низ гирифтори пандемияи COVID-19 шуд, бино бар карантинҳои сахт ва бекор мондан, муҳоҷирони тоҷик азоби алим кашиданд. Басташавии сарҳадҳои заминию ҳавоӣ бисёре аз онҳоро ишкели по шуду ба Ватан ба таври озод рафта натавонистанд. Охири баҳори соли 2021, чун дар Россия пандемия рӯ ба коҳиш ниҳоду иртиботи ҳавоӣ бо Тоҷикистон аз сар гирифта шуд, муҳоҷирони мо, ки дар хона аз бекорӣ сарҳисобро гум карда буданд, сарфи назар аз нархи дандоншикани авиачипта, озими ин кишвар гаштанд. Аз ҷумла, ба минтақаи Урал, ки то коронавирус ин ҷо садҳо ҳазор ҳамватанонамон ризқу рузӣ меёфтанд. Дар соли дуюми ковидӣ кору рӯзгори муҳоҷирон чӣ гуна сурат мегирад? Аз ин хусус консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар САЙИДЗОДА дар суҳбат ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” муфассал қисса намуд.

Аз соли 1950 то ба имрӯз беш аз 3200 рӯҳонӣ дар Калисои Католикӣ зиёда 216 000 кӯдак ва аксаран писаронро мавриди таҷовуз ва озори ҷинсӣ қарор додаанд. Ин масъала имрӯз дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор дорад. “Тоҷикистон” дар такя ба матбуоти ҷаҳонӣ матлабе таҳти унвони “Таҷовуз ба номи дин” таҳия кардааст, ки ин “мусибати ҷаҳонӣ”-ро бозгӯ мекунад.

“Сад ташвиши риш” унвони муштарак ба ду матлаби “Тоҷикистон” аст. Яке тавсия ба муҳоҷирон аст, ки ришашонро тарошанд то дигаронро натарсонанд, дигаре шафоати ҳамриши бо “Толибон” аст, ки бо забони танз навишта шудааст. Мутолиаи ин матолиб барои хонанда ҷолиб хоҳад буд.

Арабистони Саудӣ роҳи Ҳаҷи умраро барои зоирони тоҷик боз кард, вале бо чанд шарт. Шартҳои Саудиро дар шумораи нави “Тоҷикистон” пайгирӣ кунед.

Дар оғози ҳафтаи равон дар “Боргоҳи сухан” шаби эҷодии Хосияти зарафшонӣ баргузор шуд. Ин ҳунарманди мумтоз ба синни мубораки 60 расид ва 40 солагии фаъолияти эҷодиашро таҷлил кард. Дар суҳбат бо “Тоҷикистон” Хосияти Зарафшонӣ асрори муваффақияташро нақл кард ва аз нақшаҳои ояндааш гуфт…

Ин шингиле аз матолиби инҳафтаинаи “Тоҷикистон” аст. Шумо метавонед дар саҳифаҳои ҳафтавор матолиби сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро мутолиа кунед.

“Тоҷикистон”-ро ҷӯед, ёбед ва хонед, зеро “Рӯзнома зиёд “Тоҷикистон” яктост!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *