Аз таҳти дил бихандед!
Орзуи солинавӣ
Зан аз шавҳараш мепурсад:
– Дар соли нав чӣ орзу кардӣ?
Шавҳар мегӯяд:
– Муваффақияти бештар.
Зан мегӯяд:
– Яъне, ту дар соли нав мехоҳӣ дар диван бо муваффақияти бештар ғел занӣ?
Марги эҳсос
Ҷавон ба дӯстдоштааш, ки беҳад духтари якраву худхоҳ буд, занг мезанад:
– Дар куҷоӣ? Боз бо дугонаҳоят дар кӯчаҳо мегардӣ? Чанд маротиба ба ту гуфтам, ки беҳудагардӣ накун?
– Кадом кӯчагардӣ? Ақлатро хӯрдаӣ магар? Ман дар ҷанозаам,- мегӯяд духтар.
Ҷавон якбора ором мешавад:
– Узр, ман намедонистам. Кӣ мурдааст?
– Эҳсоси ман нисбати ту.
Хӯҷаини хона
Шавҳар ба хонааш омада, ба рӯйи миз як мушт мезанаду бо садои баланд ба занаш мегӯяд:
– Дар ин хона кӣ хӯҷаин?
Зан дар ҷавоб:
– Ман хӯҷаин, ягон гап дорӣ?
Шавҳар:
– Не, ман ҳарчанд ҳамин гапро ба ҳамсояҳо мегӯям, бовар намекунанд!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ