Аз таҳти дил бихандед!
Рашки зан
Мард ба занаш мегӯяд:
– Занак, ту маро рашк мекунӣ?
Зан дар ҷавоб:
– Не.
Мард боз мепурсад:
– Аниқ рашк надорӣ?
Зан дар ҷавоб:
– Аниқ.
Мард ин дафъа мегӯяд:
– Маро мебӯсӣ?
Зан мегӯяд:
– Бигзор ҳамон маймуне туро бӯса кунад, ки дар поёни аксат лайк гузоштааст!
Айнак
Духтаре ҳангоми мулоқоти ошиқона ба дӯстдоштааш мегӯяд:
– Ту бе айнак зеботар ҳастӣ.
Ҷавон дар ҷавоб:
– Вақте ман бе айнак бошам, ту ҳам зеботар ҳастӣ.
Туҳфа
Мард аз занаш мепурсад:
– Занак, дар зодрӯзат чӣ туҳфа кунам?
Зан дар ҷавоб:
– Ростӣ, намедонам…
Шавҳар мегӯяд:
– Майлаш, ба ту барои фикр кардан як соли дигар вақт медиҳам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ