Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ҳофиза

– Оча, шумо ҳофизаед?,- пурсид духтарчае аз модараш.

Модар бо ҳайрат:

– Не, кӣ гуфт?

Духтарча мегӯяд:

– Падарам гуфтанд, ки модарат аз кор омада истодааст, ҳозир консерт сар мешавад.

Тавсияи духтур

– Алло, духтур, тезтар биёед, писарчаам ручкаро хӯрдааст!

– Ана мо баромадем…

– Мо то омадани шумо чӣ кор кунем, духтур?

– То расидани мо, шумо бо қалам навиштан гиред.

Шӯхӣ

Афандӣ дар роҳ рафта истодааст, ки марде дар пушти сараш як шаппотӣ мезанад. Афандӣ мепурсад, ки ин шӯхӣ буд ë ҷиддӣ задӣ? Мард бо ғурур мегӯяд:

– Ҷиддӣ задам!

Афандӣ дар ҷавоб:

– Хайрият ҷиддӣ задӣ, вагарна ман шӯхиро намебардорам!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *