Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Дадаи нав

Ду духтарчаи панҷсола дар боғча бозӣ доранд. Якеаш мегӯяд:

– Ман дадаи нав дорам!

Духтарчаи дигарӣ мепурсад:

– Чӣ ном дорад?

Духтарчаи аввала:

– Тағои Мансур

Духтарчаи дигарӣ:

– Шарипов?

Духтарчаи аввала:

– Бале.

Духтарчаи дигарӣ:

– Инаш дадаи хуб аст. Он кас соли гузашта дадаи мо буданд.

Ҳасиб барои хушдоман

Аҳли оила сари дастархон ҷамъ омадаанд. Хушдоман ба домодаш мегӯяд:

– Домод, ба ман ҳасиб бурида диҳед.

Домод мепурсад:

– Чӣ қадар реза кунам, оча?

Хушдоман дар ҷавоб:

– Чӣ қадаре, ки дилат мехоҳад.

Домод мегӯяд:

– Не-е, оча, ман ҳасибро ба он дараҷа борик реза карда наметавонам.

Кофӣ

Омӯзгор аз талаба мепурсад:

– Воҳидҷон, чаро ту забони англисиро намеомӯзӣ?

– Намехоҳам, муаллима.

– Магар ту намедонӣ, ки ними аҳолии сайёраи замин бо забони англисӣ ҳарф мезананд?!

Талаба дар ҷавоб:

– Магар ҳамин миқдор кофӣ нест, муаллима?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *