Аз таҳти дил бихандед!
Шонс
Мизоҷ:
– Духтурҷон, ягон умеди зинда мондани ман ҳаст?
Табиб:
– Умед-ку ҳаст, аммо шонс надорӣ ҷӯра, шонс.
Раис ва Мушфиқӣ
Раиси шаҳр Мушфиқиро дар кӯча дошта, пурсид:
– Намози бомдод чанд ракаат аст?
Мушфиқӣ гапашро гум карда:
– Ҳашт ракаат, тақсир…
Раис ба одамонаш фармуд, ки Мушфиқиро луч карда, даҳ дурра зананд. Мушфиқӣ дар зери шаллоқ дод мезад. Занаш, ки дар пушти дарвоза истода буд, гуфт:
– Муред шумо, мардаки беҳуш! Охир, чор ракаат гӯед, намешуд?
Мушфиқӣ занашро коҳиш кард:
– Дам шав, занаки беақл, ҳашт ракаат гуфта даҳ дурра хӯрдам, агар чор ракаат мегуфтам, албатта бист дурра мезаданд, ки мурда мемондам!
Ҷуғрофия
Муаллими ҷуғрофия назди табиб меравад. Духтур:
– Аз чӣ шикоят доред?
– Поям дард мекунад.
– Куҷояш?
– Аз буҷулаки по ба самти шимолу шарқ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ