Аз таҳти дил бихандед!
Мукофот
Дар суд аз шоҳиди ҳодиса мепурсанд:
– Ба фикрам шумо медонед, ки барои нишондоди бардурӯғ шуморо чӣ интизор аст?
Шоҳид мегӯяд:
– Бале, BMW ваъда кардаанд.
Меҳрубонӣ
Зане ба дугонааш нақл мекунад:
– Ду ҳафта боз шавҳарам дар корҳои хона ба ман сахт кумак мерасонад: кӯдаконро нигоҳубин менамояд, хӯрокпазӣ, либосшӯӣ, умуман ҳама корро мекунад.
Дугонааш ҳайрон шуда, мепурсад:
– Дугона, чӣ тавр шавҳаратро ба кумак расонидан водор намудӣ?
Зан мегӯяд:
– Шавҳарам дар ҳафтаномае хондааст, ки агар зан сахт хаста нашавад, шабона нисбати шавҳар меҳрубон мешавад.
Дугонааш мепурсад:
– Хайр, баъди кумакрасониҳои шавҳарат нисбати ӯ меҳрубон шудӣ?
Зан мегӯяд:
– Намедонам. Шавҳарам баъди давутози зиёд базӯр ба ҷойгаҳи хоб медарояд.
Адвокат
Марде дӯсташро дида, мепурсад:
– Рустам, шунидам, ки аз занат ҷудо шудӣ?
Рустам мегӯяд:
– Бале. Фарзандон бо ман монданд.
– Хонаат чӣ?
– Хонаро занам гирифт.
– Пулҳоятро чӣ?
– Пулҳоямро адвокат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ