Аз таҳти дил бихандед!
Ҷавонӣ
Субҳгоҳон шавҳар ба занаш мегӯяд:
– Ман вақте ришамро мегирам, худро бист сол ҷавонтар ҳис мекунам.
Зан дар ҷавоб мегӯяд:
– Пас, чаро пеш аз хоб ришатро намегирӣ?
Ҳамсояҳо
Зане субҳгоҳон аз ҳамсояаш мепурсад:
– Ҳа Гуландом, бемор шудӣ чӣ?
Гуландом дар ҷавоб:
– Савригул, барои чӣ ман бемор мешудаам?
Савригул мегӯяд:
– Ин саҳарӣ аз хонаат духтур баромада буд.
Гуландом мегӯяд:
– Хайр чӣ? Вақте субҳгоҳон аз хонаи ту полковник мебарояд, ман “Ҷанг сар шудааст” гуфта, дар тамоми кӯча доду вой намебардорам ку!
Қарздор
Аз марде мепурсанд:
– Шумо наметарсед, ки аз коронавирус вафот мекунед?
Мард дар посух мегӯяд:
– Ман аз бонк қарздор ҳастам, онҳо маро мурдан намемонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ