Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Тифли серӯза

Марде зан гирифт, рӯзи панҷум занаш фарзанде таваллуд кард. Мард ба бозор рафта, дафтару китоб харида овард. Аз ӯ пурсиданд:

– Лавозимоти мактабиро баҳри чӣ харидӣ?

Мард гуфт:

– Тифле, ки дар панҷрӯзагӣ таваллуд шудааст, дар серӯзагӣ ба мактаб меравад.

Шӯрбо

Араберо гуфтанд:

– Шумо шӯрбои гармро чӣ меномед?

Гуфт:

– Каллаҷӯш.

Гуфтанд:

– Агар шӯрбо сард шавад, онро чӣ меномед?

Гуфт:

– Мо намегузорем, ки шӯрбо сард шавад.

Мошин

Духтарак ба падар мегӯяд:

– Дадаҷон, мошинатро ба ман медиҳӣ? Барои як рӯзак!

Падар дар ҷавоб:

– Духтарҷон, пойҳоят барои чиянд?

Духтар мегӯяд:

– Яктояш барои тормоз, дигараш барои газ!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *