Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Рӯзи бебарор

Писар аз падар мепурсад:

— Падарҷон, рӯзи бо модарам вохӯрданатонро дар ёд доред?

— Бале, писарҷон. Дар ёд дорам,- ҷавоб медиҳад падар.

— Кадом рӯз аст?,- боз мепурсад писар.

— Рӯзи бебарор,- ҷавоб медиҳад падар.

Яхдон

Марде ба хонааш маст омада, дари яхдонро кушода, мегӯяд:

— Шеф, то марказ мебарӣ? Намебарӣ? Ин тавр бошад, дафъ шав!

Сипас, дари яхдонро бо тамоми қувва зада, қариб меафтонад. Чунин ҳолат то нимаи шаб давом мекунад.

Субҳи барвақт мард аз хоб бедор шуда, аҳволи яхдонро мебинаду зуд онро гирифта, ба назди усто мебарад, то ки то бедор шудани занаш онро ба хона биёрад.

Зан аз хобаш хеста, мебинад, ки яхдон дар ҷояш нест, худ ба худ мегӯяд: “Ин хари якрав, ахир дар яхдон савор шуда рафтааст-ку!”.

Дастпӯшак

Духтур ба назди марде, ки ҷарроҳӣ шудааст, медарояду мегӯяд:

— Бахшиши зиёд, дирӯз ман ҳангоми ҷарроҳӣ намудани шумо дар даруни шикаматон дастпӯшакҳоямро фаромӯш кардаам. Лозим мешавад, ки боз шуморо як бори дигар ҷарроҳӣ кунам.

Бемор мегӯяд:

— Ташвиш накашед. Беҳтараш ман ба шумо пули дастпӯшакҳоятонро медиҳам. Раведу навашро харед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *