Аз таҳти дил бихандед!
Ашки шавҳар
Фурӯшанда дар мағозаи ҷавоҳирот аз харидор мепурсад:
– Хоҳарҷон, барои чӣ ин пулҳои овардаатон ҳамааш тар аст?
Харидор мегӯяд:
– Апаҷон, шавҳарам вақти пул додан чунон гиря кард, ки пулҳо тар шуданд.
Вафодор
Марде сагашро ба фурӯш мегузорад. Харидоре аз ӯ мепурсад:
– Сагатон солим аст?
– Солим!
– Боақл аст?
– Боақл,- мегӯяд соҳиби саг.
– Вафодор аст?,- боз мепурсад харидор.
– Чунон бовафо аст, ки бори панҷум аст ӯро мефурӯшам.
Раҳмати Худо
Ба марде занг зада, мегӯянд:
– Занатро сел бурд.
Мард мегӯяд:
– Ман аз аввал медонистам, ки борон раҳмати Худост!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ