Аз таҳти дил бихандед!
Ордену медал
Писарбачае қафаси синаи мардеро пур аз ордену медал дида, бо тааҷҷуб аз падараш мепурсад:
– Дадаҷон, ин амак ин қадар ордену медалро аз куҷо гирифтааст?
– Аз ҷанг,- ҷавоб медиҳад падар.
– Шумо ҳам ҳар рӯз бо модарам ҷанг мекунед, чаро ягон орден надоред?,- мегӯяд писарча.
Хӯроки якум
Марде аз рафиқаш мепурсад:
– Салмон, маъракаи дирӯза чӣ хел буд?
Салмон мегӯяд:
– Хӯроки якум набуд, хӯроки дуюм бошад, мисли хӯроки якум буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ