Аз таҳти дил бихандед!
Дуроҳа
Нозири БДА бандагиро ба ҷо меорад. Дар гӯр барои ба дӯзах ё биҳишт равон карданаш фариштаҳои дасти чапу рост баҳс мекунанд.
– Ӯ одами бад буд, ҳама умр пора мегирифт, арақ мехӯрд… ба дӯзах!, -мегӯяд фариштаи дасти чап.
– Не, ӯ одами нағз буд. Одамонро аз хатар раҳо мекард, ба ҳама ёрӣ медод… ба биҳишт!,- мегӯяд фариштаи дасти рост.
Ин дам худи нозир мегӯяд:
– Бачаҳо, шумо баҳс накунед… маро дар дуроҳа гузоред!
Бедор
Марде дар хобаш пайваста гап мезад. Ниҳоят тоқати занаш тоқ шуду пурсид:
– Мардак, барои чӣ ҳамеша дар хобатон гап мезанед?
Мард гуфт:
– Бигзор дузд гумон кунад, ки мо бедорем!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ