Аз таҳти дил бихандед!
Ширин
Марде зариф зани ҷамилаеро диду гуфт:
– Чӣ шавад, эй хотун, агар рухсат фармоӣ, ки туро бичашам ва чошнӣ гирам, то бубинам, ки ту ширинтарӣ ё зани ман?
Зан гуфт:
– Бирав, аз шавҳарам бозпурс, ки ҳардуро чашидааст, то ӯ хотирнишони ту кунад.
Харгӯшак
Писарбачае аз модараш мепурсад:
– Оча, харгӯш гап мезанад?
– Не, бачаҷон. Харгӯш фақат дар филми тасвирӣ гап мезанад.
Писарча мегӯяд:
– Не, очаҷон. Падарам дишаб бо телефон “Харгӯшаки ман, назди хона биё, бинамат” гуфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ