Аз таҳти дил бихандед!
Раҳматнома
Корманди тамаъкоре ба назди сардор даромада, гуфт:
– Хӯҷаин, имшаб хоб дидам, ки шумо ба ман раҳматнома ва мукофоти пулӣ додаед.
Сардор гуфт:
– Раҳматномаро нигаҳ дору пулро ба муассиса баргардон, ки алҳол мо ба он сахт эҳтиёҷ дорем.
Меҳри шоир
Аз пурхӯре пурсиданд:
– Ба кадом шоир меҳр дорӣ?
Гуфт:
– Ба Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ.
– Ба хотири чӣ?
Гуфт:
– Ба хотири як байти ӯ. Ва он байтро бо шавқи тамом замзама кард:
Куҳ бувад наволаам, баҳр бувад пиёлаам,
Ҳар ду ҷаҳон чу луқмаест дар васати даҳони ман.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ