мактаб

Ҷалолиддини Балхӣ: Сохтмони мактаб ду қарн аст, ки ба охир намерасад

Дар дохили муассисаи таълимии №6-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои сохтмонаш нотамом мавҷуд аст. Сохтмони иншооти мавриди назар пеш аз замони соҳибистиқлолии кишвар оғоз шуда, мутаассифона, ҳанӯз ба охир нарасидааст.

Бо хазинаи “андак — мундак” немашавад

Гулрухсор Миракзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии муассисаи таълимии №6 ҳанӯз соли 1988 оғоз шуда, бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ нотамом мондааст.

“Дар соли 2021, замоне, ки ман роҳбари муассисаи таълимии №6 будам, дар яке аз рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба Қурбон Ҳакимзода, собиқ раиси вилояти Хатлон дар ин масъала муроҷиат кардем. Бо супориши он кас омада диданд. Вале дар ҳақиқат муассисаро бо маблағи андак — мундак сохтан номумкин аст. Ҳоло муассисаи таълимӣ дар мувозинати Вазорати маориф ва илм аст. Аллакай аз тендер гузаштааст. Боварӣ дорем, ки имсол корҳои сохтмонӣ шуруъ мешаванд”,- гуфт Г. Миракзода.

Дар мувозинати мо нест…

Шарифбек Одинаев, сардори шуъбаи сохтмони асосии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, ки “муассисаи таълимии сохтмонаш нотатмом дар мувозинати мо нест”. Ӯ афзуд, ки “дар соли 2023 ба идораи мо 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Дар мувозинати идораи мо сохтмони 4 иншоот ба нақша гирифта шудаасту халос”.

— Сохтмони бинои асосии муассисаи таълимии рақами 6 ба идораи мо вобаста нашудааст. Агар аз шуъбаи маориф ба унвонии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мактуб кунанд, мумкин аст, ки дар нақшаи солҳои оянда ворид кунем,- афзуд ӯ.

Ваъдаи соҳибкорон иҷро мешавад?  

Дилшод Сафаров, директори муассисаи таълимии рақами 6-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хилофи гуфтаҳои Гулрухсор Миракзода, мегӯяд, соҳибкорон ваъда кардаанд, ки биноро месозанд: “Онҳо дар суҳбат бо раиси ноҳия гуфтанд, ки рӯзҳои наздик мо ҳамин биноро месозем. Бинои ҳозираи муассиса бо дастгирии роҳбарияти ноҳия таъмир шудааст”.

Муассисаи таълимии рақами 6-ум 22 синфхона ва 950 хонанда доштааст. Мо мушоҳида кардем, ки чанд синфхонаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ шароити хуб надорад. Боз дар баъзе аз синфхонаҳо дар як мизу курсӣ се хонанда нишастаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *