Аз таҳти дил бихандед!
Ҳайвонҳои хонагӣ
Омӯзгор ба талаба:
– Шарипов, канӣ хез аз ҷоят!
– Лаббай, муаллим.
Омӯзгор:
– Шаш намуди ҳайвоноти хонагиро номбар кун!
Талаба:
– 4 гов ва 2 гӯсфанд.
Имтиҳон
Пеш аз имтиҳон падар ба писараш мегӯяд:
– Агар имсол ҳам аз имтиҳонҳо нагузарӣ, маро “падарам” нагӯ!
Баъди имтиҳонҳо падар бо дидани писараш:
– Ҳа… бачам, имтиҳонҳо чӣ шуд?
Писар дар ҷавоб:
– Мебахшед, шумо кӣ? Нашинохта истодаам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ