Аз таҳти дил бихандед!
Раҳмати Худо
Ба марде занг зада, мегӯянд:
– Занатро сел бурд.
Мард мегӯяд:
– Ман аз аввал медонистам, ки борон раҳмати Худост!
Оила
Аз суҳбати ду рафиқ, ки яке муҷарраду дигаре оиладор аст. Марди муҷаррад мегӯяд:
– Оила – ин бандари оромест, ки дар он ду киштӣ ба ҳам меоянд.
Марди оиладор бо таассуф:
– Ин тавр бошад, ман чӣ гуна бо танкери ҳарбӣ вохӯрдаам, намедонам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ