Аз таҳти дил бихандед!
Маҳбаси зан
Зане ба маҳбас ба хабаргирии шавҳараш меравад:
— Мардак, чӣ ҳол дорӣ?
Мард мегӯяд:
— Қариб ки мисли хона, хӯроки бемаззаву ба ягон ҷо рафтан мумкин нест.
Ҷанг
Шогирд:
— Муаллим, зиёиён ҳам ҷанг мекунанд?
Муаллим:
— Мутаассифона, ҳа!
Шогирд:
— Он ҷанг ба кадом моҳ рост меояд?
Муаллим:
— Ба моҳи августи фасли тобистон!
Шогирд:
— Агар махфӣ набошад, ин ҷанг чӣ ном дорад, устод?
Муаллим:
— Номаш «Тақсимоти дарс» аст, шогирди азиз…
Андоз
Аз суҳбати зану шавҳар:
— Азизам, ман намефаҳмам, андози мустақим аз ғайримустақим чӣ фарқ дорад?
— Мустақимаш маълум ку!
— Чӣ хел маълум?
— Охир, ту, ки чанд пул будани моҳонаи маро аниқ медонӣ, маошамро танга ба танга ҳисоб карда мегирӣ. Ҳаминаш мустақим.
— Пас, ғайримустақимаш чӣ?
— Ғайримустақимаш, ҳамин ки маро хоб бурд, хеста кисаҳоямро боз як бори дигар мековӣ, ки мабодо ягон сомонии баҷоӣ надошта бошам.
Шарҳ