Аз таҳти дил бихандед!
Маслиҳати бибӣ
Зане ба дугонааш дарди дил мекунад:
– Модаркалонам ба ман гуфта буданд, ки ҳеҷ гоҳ лучи модарзод бо шавҳарат хоб накун. Рӯзи сеюм аст, ки дар сарам рӯймол баста хоб меравам.
Дугонааш мегӯяд:
– Шавҳарат чизе нагуфт?
Зан дар ҷавоб:
– Шавҳарам гуфт, ки дар оилаатон ягон кас девона набуд?
Аскари зирак
Ҷавоне ба хизмати аскарӣ меравад. Чун қоида дембелҳо наваскаронро ғам дода, ба дасташон яктоӣ кетӣ медиҳанду фармон медиҳанд, ки онро ҳамчун телефон ба гӯш гузоранду ба хонаашон занг зананд. Тамоми аскарон тарсида, кетиҳоро ба гӯш мебаранд ва худ ба худ гап задан мегиранд. Ҷавони наваскар бошад, кетиро гирифта болои миз мегузорад. Дембелҳо ин кори ӯро дида, бо ғазаб мепурсанд:
– Ту чаро телефонатро болои миз гузоштаӣ?
Наваскар тарсида, мегӯяд:
– Баландгӯяки телефонамро зер кардаам, ҳозир ягон кас гӯширо бардорад, гап мезанам.
Тарси мард
Марде зан мегираду баъде се моҳ занаш писар таваллуд мекунад. Мард ба бозор рафта, дафтару қалам ва лавозимоти мактабӣ харида меорад. Занаш ҳайрон шуда, мепурсад:
– Китобу дафтарро барои чӣ харидӣ?
Мард мегӯяд:
– Барои писарамон.
Зан:
– Охир, писарамон нав серӯза аст.
Мард мегӯяд:
– Аз дасти тифле, ки роҳи нуҳмоҳаро дар се моҳ тай намуд, ҳар кор омаданаш мумкин. Пагоҳ аз ҷояш хеста ба мактаб мерафтагист.
Бовар намо
Шавҳар аз сафари хидматӣ ба хонааш омада, бо занаш салом мекунаду рост ҷониби ҳаммом меравад. Он ҷо мардеро дида, ҳайрон мешавад:
– Шумо дар ин ҷо чӣ кор мекунед?
Мард мегӯяд:
– Ман устои таҷҳизоти сантехникӣ.
Шавҳар ба хонаи дигар даромада, он ҷо марди дигарро дида, боз мепурсад:
– Ту кистӣ?
Мард мегӯяд:
– Ако, ман устои барқ, барқро таъмир карда истодаам.
Шавҳар ба ғазаб омада, ба хонаи хоб медарояду он ҷо боз як марди дигарро дида, мепурсад:
– Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
Мард мегӯяд:
– Ако, ман мусофирбарро интизорам.
Шавҳар ба ғазаб омада:
– Чӣ хел мусофирбар, ин ҷо ошёнаи сеюм аст?!
Мард дар ҷавоб:
– Акаҷон, ба он ду нафар бовар кардед, илтимос ба ман ҳам бовар кунед!
Ҷавони беҳунар
Ҷавону духтаре ба хобгоҳ мераванд, ки танҳо як ҳуҷраи холӣ асту тамом. Ҳарду маслиҳат мекунанд, ки дар як хона зиндагӣ карда, шабҳо байнашон болишт гузошта хоб мераванд. Ҳамин тавр, 3 сол аз байн мегузарад. Рӯзе ҳарду ба театр мераванд, вале ҳамагӣ як билет дастрас мекунанд. Писар ба духтар мегӯяд:
– Ту бо чипта даро, ман аз болои девор парида медароям.
Духтар дар ҷавоб мегӯяд:
– Рӯят сафед, о дар давоми 3 сол аз болои як болишт гузашта натавонистиву аз болои девор парида метавонӣ-мӣ?
Шукрона
Марде хари худро гум карда, се рӯз гирди шаҳр мекофт ва ҳар замон шукр мегуфт. Мардумро аҷиб намуду аз ӯ пурсиданд:
– Чаро шумо хар гум карда, боз шукр мегӯед?
Мард дар ҷавоб:
– Шукр, ки дар хар савор набудам, вагарна ман ҳам се рӯз мешуд, ки гум будам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ