Аз таҳти дил бихандед!
Бемор
– Чаро дирӯз дар дарс набудӣ?,- мепурсад устод аз талабае.
– Бемор будам,- ҷавоб медиҳад талаба.
– О, ман туро савори дучарха дидам ку!,- хитоб мекунад устод.
– Барои овардани духтур рафта будам,- посух медиҳад талаба.
Маймун
Талаба аз муаллим суол мекунад:
– Устод, бобои ман мегӯяд, ки мо аз маймун пайдо шудаем, магар ин рост аст?
Муаллим мегӯяд:
– Мо ба корҳои оилавии шумо дахолат намекунем.
Соҳиби пул
Сармоягузоре аз ёвараш мепурсад:
– Магар тамоми пулҳои ман гум шуданд?
– Чаро гум шуданд? Онҳо соҳибашонро иваз карданд,- ҷавоб медиҳад ёвар.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ