Хайрзода

Тағйироти кадрӣ. Кӣ озод шуду кӣ мансаб гирифт? (ном ба ном)

Имрӯз, 16 –уми март бо амру фармон ва қарорҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чанд ниҳод тағироти кадрӣ сурат гирифт.

Муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз вазифааш озод ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара таъин шуд. Ӯ дар ин мақом  Нуралӣ Шоҳиёнро бинобар сабаби ба синнни нафақа баромадан иваз кард.

Ҳамин тариқ, Шерзода Ситора Ҷалол бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аламзода Исроил Бобо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Ардашери Абдуғаффор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумазода Сабур Ҷамол бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.

Зарифзода Хуршед Зариф муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Алим муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Раъно Алиҷон муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Ардашери Абдуғаффор муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азиззода Табассум Баҳром муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустамзода Малоҳат Рустам муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назарзода Зарина Нарзиқул муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин  шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *