Аз таҳти дил бихандед!
Хар
Корманди БДА мошинеро, ки ронандааш зан аст, манъ мекунад. Зан тирезаро кушода, ба нозир ҳуҷҷатҳояшро дароз карда, боодобона мегӯяд:
– Рӯз ба хайр!
Ҳамин дам садои кӯдакона аз нишастгоҳи ақиб баланд мешавад:
– Оча, хари гуфтагиатон дар куҷо аст?
Имконият
Мардеро ҳангоми аз бонк дуздӣ карданаш дастгир карда, мепурсанд:
– Чаро даст ба дуздӣ задӣ?
Мард мегӯяд:
– Аз назди бонк мегузаштам, ки назарам ба навиштаҷоти “Имкониятро аз даст надеҳ!” афтод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ