Аз табобати эпилепсия ва ларза то роҳандозии ЭКО дар беморхонаҳои давлатӣ
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар соли 2025 бо кӯмаки мутахассисони эронӣ таҷҳизоти муосири ҷарроҳӣ барои муолиҷаи бемориҳои эпилепсия ва ларза (паркинсонизм) ба кишвар ворид карда шудааст. Ба гуфтаи вазир, дар наздиктарин фурсат дастгоҳ пайваст гардида, табобати ин бемориҳо дар дохили кишвар имконпазир хоҳад шуд.
«То имрӯз чунин беморон маҷбур буданд барои муолиҷа ба хориҷ раванд. Мо ният дорем дар худи Тоҷикистон ин навъи ҷарроҳиро роҳандозӣ кунем», — иброз дошт ӯ.
Аз дигар иқдомҳои муҳим, воридсозии таҷҳизоти зарурӣ барои бордоршавии сунъӣ (ЭКО) мебошад. Агар қаблан ин хизматрасонӣ танҳо дар муассисаҳои хусусӣ дастрас буд, ҳоло муассисаҳои давлатии тиббӣ низ ба он шурӯъ хоҳанд кард.
«Имрӯз шаҳрвандони мо метавонанд бевосита ба муассисаҳои давлатии худ муроҷиат кунанд», — афзуд вазир.
Ин иқдомҳо ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва коҳиши ниёз ба муолиҷа дар хориҷи кишвар нигаронида шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ