Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҳумо Бонк” иҷозатномаи бонкӣ гирифт

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҳумо Бонк” иҷозатномаи фаъолият ҳамчун бонк дода шуд.

Қарор дар асоси талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” қабул гардидааст.

Ҳамин тариқ, “Ҳумо”, ки қаблан ҳамчун ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият мекард, ба мақоми бонкӣ гузашта, минбаъд метавонад амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷиро анҷом диҳад.

Дар пайи ин табдилёбӣ, иҷозатномаи қаблии ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 11 майи соли 2017 таҳти №51 дода шуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *