508 табиб бо ҳар сабаб аз кор рафтаанд

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 508 табиб бо ҳар сабаб аз кор рафтаанд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кишвар имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Аз ҷумла, ба иттилои вазир, 51 табиб соҳаро тарк карда, ба муҳоҷират рафтаанд.

“Аксарияти 51 нафаре, ки мо қайд кардем ба муҳоҷират рафтаанд, барои омӯзиши курсҳои дусола ва сесола ба дигар давлатҳо сафар кардаанд”,- гуфт ӯ.

Гуфта шуд, ки 40 кас ба нафақа баромада, 24 тани дигар фавтидаанд. Боқимонда, ба қавли ӯ, аз як беморхона ба беморхонаи дигар гузаронида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *