Аз таҳти дил бихандед!
Фаромӯшхотирӣ
Писар аз модараш мепурсад:
– Оча, барои чӣ занҳо ба шавҳар мебароянд?
Модар мегӯяд:
– Аз беақлӣ.
Писар боз мепурсад:
– Чаро аз шавҳар ҷудо мешаванд?
Модар:
– Аз бесабрӣ.
Писар боз мепурсад:
– Чаро боз дубора ба шавҳар мебароянд?
– Аз фаромӯшхотирӣ.
Бехобӣ
Муштзане ба духтур гуфт:
– Табибҷон, аз бехобӣ ранҷ мекашам, чӣ кор кунам?
Духтур:
– Рақамҳоро аз як сар ҳисоб карда рафтан гиред, хобатон мебарад.
Муштзан:
– Ин услубро бисёр озмоиш кардаам. Ҳамин ки ба рақами 10 мерасам, парида мехезам!
Дузана
Соҳибҷамоле ба ҷавони дӯстдоштааш мегӯяд:
– Барои тасаллои дил, ақаллан боре ба ман, “Азизакам” гуфта, меҳрубонӣ кун.
Ҷавон бо ғурур ҳавобаландона мегӯяд:
– Эҳ, ҳа-а-а! Ман то ба ҳол боре ҳамсари худро “Азизакам” нагуфтаам…
– Эҳ, ҳа-а-а! Чӣ, ту зан дорӣ?,- мегӯяд соҳибҷамол ва бо мушти обдоре бар сари ҷавон мезанад.
Ҷавон пеш аз он, ки аз ҳуш равад, мегӯяд:
– Азизакам, ту аз зани дуюмам ҳам боқувваттар будаӣ…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ