Аз таҳти дил бихандед!
Нафақа
Дар маъракаи занон яке аз духтарон аз дугонаҳояш мепурсад:
– Дугонаҳо, нафаре аз шумо бо марди пиронсол ишқбозӣ кардааст? Канӣ тавсияву маслиҳатҳоятон чӣ гуна аст?
Бонуе дар ҷавоб мегӯяд:
– Нафақаи онҳо баъд аз санаи 10-уми моҳ мешавад.
Хориш
Марде ба назди табиб рафта, мегӯяд:
– Духтур, тамоми баданам хориш дорад.
Табиб мегӯяд:
– Шумо оббозӣ мекунед?
Мард мегӯяд:
– Оббозӣ мекунам, баъди як моҳ боз хориш пайдо мешавад.
Нишонаи муҳаббат
Зану шавҳар якҷоя хӯрок мехӯранд. Шавҳар мегӯяд:
– Чаро ин хӯрок ин қадар шӯр аст?
Зан дар ҷавоб:
– Охир, сахт дӯстат медорам.
Мард пиёлаи намакро ба косаи занаш чаппа карда, мегӯяд:
– Ту дӯстдории маро тасаввур ҳам карда наметавонӣ!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ